Боздиди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Вазорати энержии ИМА.
3 декабри соли 2021 коршиносони Маъмурияти миллии амнияти ядроии Вазорати энергияи ИМА (DOE/NNSA) ва Идораи ошкорсозӣ ва маҳдудсозии қочоқи ядроӣ (NSDD) ҳамроҳ бо кормандони Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ НАНТ) ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд сафари корӣ намуданд.
Ҳадафи сафари корӣ мувофиқаи нақшаи таъмини таҷҳизоти мониторҳои порталӣ радиатсионӣ (РПМ) дар ҳамаи қуллаҳои назоратии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд барои таъмини назорат ва пешгирии ҳаракати ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нақшаи тарҳбандии ҷойгиршавии РПМ дар зали фуруд ва парвоз, аз ҷумла терминали боркашонӣ муҳокима гардид, инчунин нақшаҳои оянда оид ба муайян кардани ҷойгиршавии РПМ дар залҳои CIP, VIP ва дигар объектҳои муҳими фурудгоҳи Хуҷанд баррасӣ шуд.